Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид

Май 29, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз гардид, ки ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи тӯлонӣ дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат маъмул аст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад.

Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо, аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши либосҳои арӯсию домодӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии фестивал маҳсули ҳунари хешро ба намоиш  гузоштанд.

Ҳамзамон зимни баргузории фестивал аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангии рангин пешкаши иштирокдорон карда шуд.

Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 29, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид