Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд-2023» баргузор мешавад

Май 21, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 май дар шаҳри  Бохтари вилояти Хатлон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ташкил карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.

 АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд