Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуда, дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доранд.
Форум ду рӯз идома карда, дар он муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот сурат мегирад. Дар зимн мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Дар ҳошияи форум Намоишгоҳи «Бохтар Фуд — 2023» баҳри муаррифии имконияти истеҳсолӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон баргузор карда мешавад.
Намоишгоҳ ба иштирокчиён ва меҳмонон имкон медиҳад, ки аз наздикӣ бо хусусияти хоси ҳар маҳсулот, аз ҷумла намуди зоҳир, ранг, мазза, шаҳдборӣ ва дигар сифатҳои он шинос шаванд. Дар баробари ин, ба иштирокчиён доир ба ҳаҷм, миқдор, майдони кишт, имконияти истеҳсолӣ, мавсими пухта расидан ва ҷамъоварии маҳсулот маълумот манзур карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






