Дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

Май 13, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва бонувони фаъоли ҳизб таҳти унвони «Мактаби хушдоман ва фарҳанги оиладорӣ» озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар озмун роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок карда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи оила табрик карданд.

Озмун аз рӯйи 4 шарт: омода намудани хӯриш аз сабзавот, тайёр намудани кулчақанд ё ширинӣ, ороиши меваҳо ва муаррифии дастархони миллӣ баргузор гардида, дар он 9 даста аз кумитаҳои иҷрояи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ байни ҳам қувва озмуданд.

Дар натиҷаи холгузории аъзои ҳакамон озмун ҷамъбаст ва ғолибон муайян карда шуд. Ҷойи аввал насиби Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ҷойи дуюм насиби ташкилоти ибтидоии «Ҳунарманд» дар назди Литсейи касбӣ – хизматии ДБССТ дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) ва ҷои сеюм насиби ташкилоти ибтидоии «Ирфон» дар назди Мактаби хусусии Ирфон гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуда, ҳамчунин дигар иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур он аст, ки имрӯз бояд наварӯсон аз мактаби бузурги хушдомани худ дарси ибрат гирифта, баҳри пойдории оила ва таълиму тарбияи фарзандони худ хушдоман ва дигар аъзои оилаи худро эҳтиром кунанд, зеро муҳаббату ғамхорӣ, меҳнатдӯстӣ ва муносибат бо дигаронро кӯдак маҳз дар оила меомӯзад.

Бинобар ин фарзандони солим маҳз дар оилаҳои дар асоси муҳаббати ҳақиқӣ ва иззату эҳтиром барпогардида тарбия меёбанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 13, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад