Дар шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии бонкии «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии бонкии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти бонк ва шаҳри Истравшан иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур.
Ифтитоҳи марказ имкон медиҳад, ки мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб ва соҳибкорон дастгирӣ карда шаванд. Ҳамзамон ифтитоҳи он иқдоми шоиста ва рушди муваффақонаи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ аз маҳсулоти ватанӣ мебошад.
«Саноатсодиротбонк» имкон медиҳад, ки дар муддати беш аз як моҳ зиёда аз 25 мутахассиси маҳаллӣ дар се маркази хизматрасонии бонкӣ (Турсунзода, Фархор ва Истаравшан) бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.
Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи асосии «Саноатсодиротбонк»- ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди маблағҳои қарзии имтиёзнок мебошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






