Дар шаҳри Кӯлоб Маркази савдои «Истиқлолият» ифтитоҳ шуд
КӮЛОБ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар шаҳри Кӯлоб Маркази савдои «Истиқлолият» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи Маркази савдои «Истиқлолият» гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуд.
Тибқи маълумот, масоҳати маркази савдо 2,1 гектар буда, имкон дорад 400 соҳибкорро бо нуқтаи савдо таъмин намояд. Инчунин дар назди бозор таваққуфгоҳ барои мошинҳо сохта шудааст.
Вобаста ба оғози фаъолияти Маркази савдои «Истиқлолият» дар назди он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз тарафи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ аз тарафи муассисаи «Агролизинг» ба роҳ монда шуд.
Маркази савдои мазкур ба фурӯши таҷҳизоти техникии автомобилӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва бинокорӣ нигаронида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






