Дар шаҳри Самараи Русия зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Май 18, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зарфияти сайёҳии солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ, табиати нотакрори Тоҷикистон тариқи рунамоҳои фарогир аз сӯи ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон -ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои мамлакат дар яке аз шаҳрҳои пешрафтаи саноатии Русия — Самара муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.    

Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар минтақаҳои саноатии Русия имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони рус ба Тоҷикистон бештар гардида, барои тавсеаи ҳамкорӣ бо ин кишвар дар самти сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони осоишгоҳҳои Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, танзимгарони соҳаи сайёҳии Русия, аз ҷумла шаҳри Самара вохӯрию суҳбат намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо намоянд ва ҳамкориро бо мақсади рушди сайёҳии мамлакат тақвият бахшанд.

Дар назар аст, ки  бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон  аз  Русия ба Тоҷикистон чунин мулоқотҳои судманд ва муаррифии имконоти сайёҳии Точикистон дар шаҳрҳои Қазон, Тюмен ва Уфа низ гузаронида шавад.

Тарғиби имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия баҳри амалӣ намудани Харитаи роҳ ҷиҳати рушди сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи баргузории Конфронси  нуҳуми минтақавии Тоҷикистону Русия, ки моҳи марти соли  равон дар Душанбе доир гардид, ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон инчунин аз Боғи дӯстӣ-этникии халқҳо дар шаҳри Самара, ки дар он намунаи таърихи қадимаи хонасозии миллатҳои гуногун мавҷуд аст, дидан намуд. Ҳамарӯза дар ин мавзеъ халқияту миллатҳои гуногуни Русия ва меҳмонону сайёҳон бо таъриху тамаддун ва сохти меъмории хонасозии миллати тоҷик шинос мешаванд.

Намояндагони сохторҳои  сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баргузории чунин  намоишҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ ва дар ин замина истифодаи ҳарчи бештари имконоти мавҷуда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

    АКС: Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст