Дар Шанхай рекорди ҳарорати 100-сола дар моҳи май ба қайд гирифта шуд

Май 31, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шанхай рӯзи душанбе ҳарорати баландтарини моҳи май дар тӯли зиёда аз 100 сол — рекорди 36,1 дараҷа ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ  «Казинформ» бо истинод ба CNN хабар додааст.

Рекорди қаблии 35,7 дараҷа бори аввал моҳи майи соли 1876 ба қайд гирифта шуда буд ва аз он вақт инҷониб ҳамагӣ се маротиба — солҳои 1903, 1915 ва 2018 ба даст оварда шуд.

Рӯзи душанбе мавҷи гармии рекордӣ барои моҳи май дар ноҳияи Сюйхуэй ба қайд гирифта шуд, иттилоъ медиҳад расонаи давлатии CCTV бо истинод ба идораи обуҳавошиносии Шанхай.

Қаблан рӯзи душанбе Идораи обуҳавошиносии Шанхай аввалин огоҳии солро дар бораи ҳарорати баланд нашр кард, зеро нишона дар ҳароратсанҷ дар тӯли се рӯз пай дар пай аз 35 дараҷа боло буд.

Гармӣ дар Шанхай дар пасманзари ҳарорати рекордии баланд дар саросари Осиё дар Ветнам, Лаос ва пойтахти Таиланд дар аввали ҳамин моҳ рух медиҳад. Коршиносон мегӯянд, ки гармӣ бинобар тумани ғуборолуд дучанд мешавад ва онро якбора баланд шудани  сатҳи ифлосшавӣ ба амал овардааст.

Олимон кайҳо ҳушдор дода буданд, ки мавҷҳои гармӣ бо афзоиши таъсири гармшавии глобалӣ, ки бинобар фаъолияти инсон ба вуҷуд омадааст, афзоиш хоҳанд ёфт.

Ҳарорати обҳои соҳилии Чин низ аз сабаби гармшавии глобалӣ ба таври назаррас баланд шуд ва мувофиқи иттилои шуъбаи пешгӯӣ ва мониторинги баҳрии Вазорати захираҳои табиии Чин, болоравии сатҳи баҳр  вусъат ёфтааст.

Шанхай — шаҳри аз ҳама рушдёфта ва сарватманди Чин ба ҳисоб меравад, ки дар ин хати соҳилӣ ҷойгир аст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 31, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд