Дар Суғд фаъолияти корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баррасӣ гардид

Май 11, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Ли Ҷумин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти кунунии корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ки соли 2017 бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуда буд, мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки дар ин корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 11, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад