Дар Суғд фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ моҳи июни соли равон дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Фестивал дар ду давр доир мешавад. Даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барпо шуда, даври дуюм дар маркази вилоят баргузор хоҳад шуд. Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон ва дӯзандагони алоҳида метавонанд иштирок намоянд.
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адрас» 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ ҷоиза дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






