Дар Суғд оид ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ машғулият доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 май бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар самти шиносномадорӣ ва беҳбуд бахшидан ба сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои кормандони зершуъбаҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ аз таҷрибаи коргузории хадамоти шиносномадиҳии давлатҳои хориҷи дуру наздик маълумот дода шуд. Иброз гардид, ки сабукиҳои татбиқшаванда ва ҳарчи содаву дастрас будани хизматрасонии шиносномавию бақайдгирӣ имкон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намояд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин мақсад зарур аст, ки кормандони хадамот дар ҳамкорӣ бо ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ монеаҳои мавҷударо бартараф намоянд ва ҳарчӣ бештар дар татбиқи Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Таъкид гардид, ки фароҳам гардидани барномаи давлатии Ҳукумати электронӣ дар хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ сарборӣ дар иҷрои вазифаи хизматиро коҳиш дода, саргардонии шаҳрвандонро барои ба даст овардани ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда пешгирӣ менамояд.
Ҳамчунин масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба қонуну қарорҳои ҷорӣ ва тағйиру иловаҳои воридшуда сухан гуфтанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






