Дар Тоҷикистон беш аз 1,7 миллион сар навъи гӯсфанди ҳисорӣ парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Феҳристи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пазируфта шудааст. Чунин гуфта шуд дар машварати минтақавӣ дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ –ҳолат ва дурнамо», ки дар Институти «Зироаткорӣ»-и Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти чорводорӣ ва чарогоҳ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Зимни баргузории машварат иттилоъ дода шуд, ки дар айни ҳол саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1,7 миллион сарро ташкил дода, ба парвариши ин навъи машҳур дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагии зотпарварӣ машғул мебошад.
Ин зоти гӯсфандон аз рӯи нишондиҳандаи вазни зинда дар арсаи ҷаҳон калонтарин маҳсуб шуда, минтақаи парваришу афзоишдиҳии он танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Давоми солҳо аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина ва Беларус интиқол дода шуда, ҷуғрофиёи парвариши он торафт фарох мегардад.
Муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷаббор Носирзода иброз дошт, ки машварати мазкур дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ- парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифати зотӣ – гӯсфанди зоти ҳисорӣ бахшида шудааст.
Дар машварати минтақавӣ инчунин олимони соҳаи чорводорӣ оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусияти маҳсулнокии гӯсфанди зоти ҳисорӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ таваҷҷуҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмили хусусияти ирсию маҳсулнокии ин зоти чорво пайваста таъкид менамоянд.
Тибқи ақидаи олимон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои 12-13 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шуда, аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошанд.
Дар бораи ин зоти чорво сайёҳи машҳур Марко Поло дар сафарномаҳои хеш ёдовар шуда, онро ҳатто аз рӯи ҷусса ба маркаб баробар карда, аз лаззати гӯшт ва думбаи он қисса намудааст.
Дар Тоҷикистон асосан селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, дар тӯли солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ки калонтарин дар ҷаҳон эътироф шуда, яъне шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.
Ҳамзамон дар машварат аз хизмати чорводорони маъруф ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар рушди соҳаи чорводорӣ, бахусус афзудани шумора ва нигоҳдории шуҳрати гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар мамлакат шоиста арзёбӣ намуданд.
Иштирокдорони машварати минтақавӣ аз намоиши гӯсфандони зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор намуданд, боздид карда, ба гӯсфандпарварон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






