Дар Тоҷикистон беш аз 1,7 миллион сар навъи гӯсфанди ҳисорӣ парвариш карда мешавад

Май 27, 2023 16:15

ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Феҳристи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пазируфта шудааст. Чунин гуфта шуд дар машварати минтақавӣ дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ –ҳолат ва дурнамо», ки  дар Институти  «Зироаткорӣ»-и Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Институти чорводорӣ ва чарогоҳ доир  карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Зимни баргузории машварат иттилоъ дода шуд, ки дар айни ҳол саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1,7 миллион сарро ташкил дода, ба парвариши ин навъи  машҳур дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагии зотпарварӣ машғул мебошад.

Ин зоти гӯсфандон аз рӯи нишондиҳандаи вазни зинда дар арсаи ҷаҳон калонтарин маҳсуб шуда, минтақаи парваришу афзоишдиҳии  он  танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Давоми солҳо аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина ва Беларус интиқол дода шуда, ҷуғрофиёи парвариши он торафт фарох мегардад.

Муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷаббор Носирзода иброз дошт, ки машварати мазкур дар партави дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ- парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифати зотӣ – гӯсфанди зоти ҳисорӣ бахшида шудааст.

Дар машварати минтақавӣ инчунин олимони соҳаи чорводорӣ оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусияти маҳсулнокии гӯсфанди зоти ҳисорӣ ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ таваҷҷуҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмили хусусияти ирсию маҳсулнокии ин зоти чорво пайваста таъкид менамоянд.

Тибқи ақидаи олимон,  гӯсфанди зоти ҳисорӣ  таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои 12-13 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шуда, аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошанд.

Дар бораи ин зоти чорво сайёҳи машҳур Марко Поло дар сафарномаҳои хеш ёдовар шуда, онро ҳатто аз рӯи ҷусса ба маркаб баробар карда, аз лаззати гӯшт ва думбаи он қисса намудааст.

Дар Тоҷикистон асосан селексияи мардумӣ шуҳрат дошта,  шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, дар тӯли солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ки калонтарин  дар ҷаҳон эътироф шуда, яъне шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.

Ҳамзамон дар машварат  аз хизмати чорводорони маъруф ёдовар шуда,  саҳми онҳоро дар рушди соҳаи чорводорӣ, бахусус афзудани шумора ва нигоҳдории шуҳрати гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар мамлакат  шоиста  арзёбӣ намуданд.

Иштирокдорони машварати минтақавӣ аз намоиши гӯсфандони зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор намуданд, боздид карда, ба гӯсфандпарварон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 27, 2023 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040». Доир ба амалишавии он ҳамоиш доир шуд
«ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ПАЙВАНДИ ҶОНАМ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Кумитаи андози Тоҷикистон бо Донишкадаи муштараки Вена (JVI) баррасӣ шуд
Оилаи Шодиевҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ 2 нафар ва дар маҷмуъ 4 фарзанди худро ба хизмати ҳарбӣ равона намудаанд
Имрӯз Намоиши 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба нақши фолклори тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳфил доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласа баргузор гардид
Шурои мудирони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ нахустин маротиба дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифтанд
Соли 2024 Тоҷикистон мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор шинос шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир мегардад