Дар Тоҷикистон кӯдакони аз 7 то 11-сола ба маъракаи бекирмгардонӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати паст шудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбии бемориҳои гелминтӣ ё сироятёбӣ аз кирм 1 миллиону 203 ҳазору 226 кӯдаку навраси аз 7 то 11-солаи Тоҷикистон ба маъракаи бекирмгардонӣ фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маъракаи мазкур аз 1 то 5 май идома ёфта, зимни он ба кӯдакон доруи «Мебендазол» дода мешавад.
Доруи «Мебендазол» истеҳсоли ширкати дорусозии Janssen-Cilag (Белгия) буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор дода мешавад.
Тақсими маводи дорувории «Мебендазол» ба муассисаҳои профилактикии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва арзёбии натиҷаи чорабинии мазкур ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и вазорати мазкур гузошта шудааст.
Гуфта шуд, ки ҳар 2 сол як маротиба дар байни гурӯҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони марказ дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад. Тибқи тадқиқот ва маълумоти оморӣ, паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фоизро ташкил медиҳад. Бемориҳои гелминтозӣ бештар энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳанд ва пешгирию табобат бо маводи дорувории «Мебендазол» дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад.
АКС: Маркази матбуоти тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






