Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Русия вохӯрӣ баргузор гардид

Май 25, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён  Григорев вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Зимни мулоқот ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия расонида шуд», — таъкид намуданд дар Вазорат.

Ҳамзамон зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак тазаккур дода шуд.

Зимни мулоқот инчунин ҳодисаи субҳи 19 май дар хобгоҳи № 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии «Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур»-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Русия бавуқуъомада, ки зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муҳассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мавриди бозпурсӣ ва муносибати бераҳмона қарор дода шуданд, муфассал баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба руҳияи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистон ва Русия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф зиён расонанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид