Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Май 9, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст. Дар ин хусус 5 май зимни машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Дар машварат​ ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварат аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаи кишоварзӣ оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ва иҷрои нақшаи пешбинишудаи зироати киштшаванда пурсиш ба амал оварда шуд.

«Тавре таъкид карда шуд, дар вилоят нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар 152 645 гектар кишт гузаронида шудааст», — омадааст дар хабари манбаъ.

Бо таҳлили ҷараёни корҳои саҳроӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки​ ҳар соати мавсим бояд самаранок истифода шуда, киштукори ҳама намуди зироати баҳорӣ дар муҳлати муайян гузаронида шавад.

«Вазифаи роҳбарону масъулини шаҳру ноҳияҳо мусоидат дар ҳалли масъалаҳои дохилихоҷагӣ, ​ сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамоавию инфиродӣ бо техника ва тухмии хушсифат мебошад, —​ таъкид намуд роҳбари вилоят ва иброз дошт, ки​ барои бо​ об таъмин кардани хоҷагиҳо, фаъолияти муназзами дастгоҳу таҷҳизоти иншооти обрасонӣ талаби замони имрӯза мебошад». ​

Раёсати беҳдошти замин ва хоҷагии об дар вилоят ва сохторҳои он дар маҳалҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таъмини обрасонии  шабонарӯзӣ тадбирҳои судманд андешанд.​

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки нақшаи кишти ғалла,​ шолӣ, пахта, картошка, пиёз ва сабзавоту полезиҳо дар кӯтоҳтарин фурсат иҷро карда шавад.

АКС аз бойгонӣ

Май 9, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд