Деҳқонони Тоҷикобод дар мавсими кишти баҳорӣ дар 2106 гектар картошка кишт мекунанд

Май 17, 2023 15:06

ТОҶИКОБОД, 17.05.2023./АМИТ«Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Тоҷикобод кишти картошка бомаром идома дошта, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 522 гектар картошка, 1102 гектар ғаладонагии тирамоҳию баҳорӣ, 68 гектар зироати техникӣ, 113 гектар сабзавот кишт шудааст. Инчунин 18 гектар боғи нав бунёд гардида, 5 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод Беҳруз Маҳмадов иттилоъ дод.

Дар ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод 4 апрели соли 2023 доир ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат додани кишти зироати кишоварзӣ ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ дода буданд, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Мувофиқи дурнамо, дар мавсими кишти соли 2023 дар 950 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва коллективӣ картошка кишт карда мешавад. Ҳамчунин дар 1156 гектар замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бояд картошка кошта шавад, ки то имрӯз мувофиқи иттилои мутахассисони идораи замини ноҳия, сокинон дар 1012 гектар замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон картошка кишт намудаанд.

Бо мақсади сари вақт кишт намудани картошка дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Аз тарафи он дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба истифодаи самараноки замин ҷалб шудаанд. Дар деҳаҳои баландкӯҳ ва дигар мавзеъҳои ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид кишту кори баҳорӣ бо маром идома дорад. Инчунин идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия муваззаф карда шудааст, ки бо истифода аз техника ва ҷалби аҳолӣ коршоямии каналҳоро таъмин намояд.
Имрӯзҳо бо мақсади таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати картошка ба воситаи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ноҳияи ҳамсояи Лахш тухмии картошка ворид карда шуда истодааст. Бештари деҳқонон тухми картошкаи маҳаллӣ кишт мекунанд, ки он ба иқлими минтақа мутобиқ буда, ҳосили баланд медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

 

Май 17, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд