Тавсеаи ҳамкорӣ байни «Амонатбонк» ва Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ дар Ҷидда баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки исломии рушд зимни мулоқоти муовини раиси «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо директори Департаменти амалиётҳои Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ Назим Нурдалӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо ва таҳлилҳои мухталифи самти молия иброз доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти муовини раиси «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо директори Департаменти амалиётҳои Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ Назим Нурдалӣ 10 май дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






