Донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе бо фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз наздик шинос шуданд

Май 25, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 25.05. 2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 50 нафар донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо фаъолияти ин мақоми қонунгузори мамлакат аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин иқдом бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, дар шуури онҳо бедор намудани фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Донишҷӯён имкон пайдо намуданд, ки бо фаъолияти парлумони касбии мамлакат ва кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз наздик шинос шуда, дар бораи кори кумитаҳои он маълумоти муфассал гиранд.

Донишҷӯён тибқи нақша аз китобхона, осорхона ва толори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва толорҳои таърихии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Зимни мулоқот бо донишҷӯён раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон ахборот дода, иброз намуданд, ки андешаҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо мамлакатҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Рустам Ғаниев ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон барои пазироии самимии донишҷуён миннатдорӣ намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон