Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти табодули донишҷӯён бо муассисаҳои таълимии Туркия ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти омӯзиши забони туркӣ-тоҷикӣ ва баръакс, инчунин табодули устодону донишҷӯён ба муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Туркия ҳамкорӣ тақвият меёбад. Ин масъала дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аджар мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Инчунин тарафҳо роҷеъ ба бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия, таъсиси маркази муштараки илмӣ ва курсҳои забономӯзӣ, инчунин нашри китобҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ инчунин омӯзиши забони тоҷикӣ барои ҷавонон ба роҳ монда шудааст, ки онҳо аз ҷониби омӯзгорони риштаи забони форсӣ дарс дода мешаванд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






