ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ БАШАРДӮСТӢ ДАР СИЁСАТИ МУОСИРИ ҶАҲОН. Андешаҳо дар робита ба панҷумин ибтикори ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон

Май 12, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан имрӯз  тағйирёбии иқлим, норасоии оби тозаи ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, аз кор баромадани заминҳои кишоварзӣ аз ҷумлаи масоили муҳим дар назди олимон ва мутахассисони варзидаи соҳа мебошад, ки ҳалли ин масъалаҳо ҷомеаро аз буҳрони хушксоливу беобӣ наҷот дода метавонад. Ташаббускори асосии ҳалли масоили тағйирёбии иқлим Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунин ибрози назар намудааст Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Дар зер андешаҳои муаллиф манзури хонандагон гардонида мешавад.

— Аслан дар бораи ҷанбаҳои ҳаётан муҳим андешидан ва мушкилоти ҷомеаро ҳал намудан кори саҳлу сода нест ва танҳо шахсиятҳои дорои дарки баланд ва дониши фавқулода аз уҳдаи чунин кор мебароянд. Ҳалли мушкилоти асосии насли башар, ғамхорӣ ба аҳли сайёра- ин аз хислатҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷаҳониён хислати бузурги тоҷикон- ғамхорӣ ва роҳнамоиро талқин созанд, ки ин такрори таърих ва муҳаббати бузург нисбат ба инсоният аст. Ин мактаб аст. Мактаби бузурги башардӯстии Эмомалӣ Раҳмон!

Феълан, барои олимон равшан аст, ки тағйирёбии иқлим оқибатҳои фалокатбор дорад ва аллакай барои пешгирии он якчанд пажӯҳиш гузаронида шудааст, лек ин басанда нест. Масалан, намояндагони институтҳои таҳқиқотии Тоҷикистон аллакай тамоми масъаларо омӯхтаанд, хатарҳо ва омилҳоро муайян намудаанд ва ҳоло роҳҳои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, вайроншавии заминҳои кишоварзиро меомӯзанд, то пеши роҳи ин ҳама оқибатҳои нохушоянд сари вақт гирифта шавад. Олимони тоҷик муайян кардаанд, ки дар сурати обшавии пиряхҳо хушксолӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан дар вилояти Суғд метавонад 16 000  га заминро дар Конибодом, 2100 га дар ноҳияи Ашт, 4600 га дар ноҳияи Зафаробод, 1700 га дар ноҳияи Деваштич, 6000 га дар шаҳри Истаравшан, 507 гектарро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бе об гузорад, ки ин ба амнияти озуқавории мамлакат хатар дорад.

Инсон ҳамеша ба ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза ниёз дорад ва агар ин ғизоро нагирад, ба ҳар гуна маризиҳо гирифтор шуданаш мумкин аст. Ғизои аз лиҳози экологӣ тозаро мо метавонем бо роҳи баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ ба даст оварем, ки барои ин замини кишт омили аслӣ аст.

Чунки маҳз замини корами омода ба кишт метавонад бозорро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намояд ва барои ин дуруст ба роҳ мондани обёрӣ зарур аст. Албатта, норасоии об барои заминҳои кишоварзӣ метавонад заминро аз кор барорад ва ба шӯразамин табдил диҳад, ки аз ин кори кишоварзӣ суст мегардад ва ҳамин раванд низ омили камшавии маҳсулоти тозаи экологӣ дар бозор мегардад.

Рушди иқтисодиёт, пеш аз ҳама, аз замин низ вобаста аст ва агар соҳаи кишоварзӣ рушд наёбад, омилҳои вазнин метавонад соҳаро осебпазир созад.

Ба ҳамин далел бе об мондани заминҳои кишоварзӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон метавонад омилҳои хушксолиро пеш оварад, ки ин аз ҳамаи масъулин барои пешгирӣ кардани он  масъулияти баланд металабад ва олимон набояд, ки дар ин гуна ҳолат сукут варзанд.

Албатта, замини кишт ҳамин хел бе об намемонад, ба ин хушкшавии чашмаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, ҳавзҳо сабаб мегардад ва ҳама медонем, ки омили аслии камшавии оби табиӣ- ин обшавии пиряхҳо мебошад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ- ин ҳалли глобалии обшавии пиряхҳо дар сайёра мебошад. Зеро ҷаҳони муосир ҳоло бар ин масъала бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳи тоза дораду Тоҷикистон низ азм кардааст, ки дар ин масъалаи барои башарият бисёр муҳим саҳми арзанда гузорад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки захираҳои обии Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо вобастагии амиқ дорад. Ба ҳамин далел пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо аҳамияти бузурги маҳаллӣ ва байналмилалӣ дорад.

Қабул гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз аҳамият холӣ нест ва ба ҳалли ин буҳрон дар саросари ҷаҳон мусоидат менамояд. Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 чунин иброз доштанд: «Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии ҷумҳурии мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Ҳалли ин проблемаи ҷаҳонӣ  метавонад дар сайёра ба набзи нави зиндагӣ оғоз бахшад. Маҷрои нав дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти башарият аз ташаббуси Тоҷикистон оғоз гардид, ки ин фоли нек ва паём аз фардои нек мебошад.

Дар ҳақиқат ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунун тамоми ҷаҳонро аз мушкилот мераҳонад, ки ин ҳам метавонад дидгоҳи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба Тоҷикистон куллан тағйир диҳад ва нақши мондагори Роҳбари онро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намояд.

Ҳоло Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои сайёра овози махсус дорад ва ин имконият барои ҳалли буҳрони ҷаҳонӣ низ ҳаст, ки аҳли фаҳм онро ҳамчун ҷаҳду талошҳои як абармарди олами сиёсати замони муосир ба қалам медиҳанд, ки сад дар сад ҳақ аст.

Гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ инро интизор дошт ва ин интизориҳоро Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуданд ва барои ҳалли он ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб сохтанд, ки ин аз заковати башардӯстонаи як сиёсатмадори бузург шаҳодат медиҳад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 12, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад