ФАО: ҳамлаи малахҳо ҳосил дар Афғонистонро зери хатар мегузорад
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) аз ҳамлаи бузурги малахи Марокаш ба ғаллазори ҳашт музофоти шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон ҳушдор дод, иттилоъ медиҳад «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба сомонаи СММ.
Малахи марокашӣ яке аз зараррасонҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ хатарнок дар саросари ҷаҳон мебошад. Ҳамлаи малах имсол метавонад аз 700 000 то 1,2 миллион тонна гандум ё ҳатто чоряки тамоми ҳосили солонаро аз даст диҳад. Ин ба талафоти иқтисодии аз 280 то 480 миллион доллар баробар аст.
Афғонистон имрӯз бузургтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад – аз се ду ҳиссаи аҳолии ин кишвар- 28 миллион нафар имсол ба ёрии таъҷилӣ ниёз дорад. 97 фоизи афғонҳо дар сатҳи камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин СММ танҳо 6,4 фоизро аз маблағи 4,6 миллиарддолларӣ, ки имсол барои кумак ба афғонҳо дархост шудааст, ба даст овардааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






