Фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин инъикос ёфт

Май 20, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд — саммити якуми «Осиёи Марказӣ-Чин» дар нашрияи «Жэнмин жибао» доир ба фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан мақола чоп шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ хабар доданд.

Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд гардида, моҳи ноябри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт.

Ин нахустин коргоҳи Лубан дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки маҳз дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир таъсис ёфтааст.

Ба иттилои муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳриёр Саъдуллозода, дар заминаи донишгоҳ ва ин устохона сатҳи омода намудани мутахассисон боз ҳам беҳтар мегардад.

«Мо итминон дорем, ки таъсиси ин коргоҳ иқтидори илмии донишгоҳи моро ба сатҳи нав мебарорад. Ба шарофати устохонаи Лубан устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба асбобу таҷҳизоти замонавӣ дастрасӣ пайдо карданд, ки аксари он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз истифода намешавад. Бо дастгирии шарикони чинӣ, аз ҷумла ҳамкасбони мо аз Донишгоҳи касбии идоракунии шаҳрсозии Тянҷин, мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар такмили раванди таълим ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳм гузошта истодаанд»,- гуфтааст Шаҳриёр Саъдуллозода ба нашрияи «Жэнмин жибао».

Шаҳриёр Саъдуллозода иброз доштааст, ки барои азхудкунии сарватҳои табиию маъданӣ ва истифодаи оқилонаи энергияи Офтоб дар оянда Тоҷикистон ба геодезистон, маркшейдерҳо ва мутахассисони соҳаи истифодаи оқилонаи энергияи гармии Офтоб ниёз дорад. Ин аст, ки дар марҳилаи аввал дар коргоҳи Лубан дар Тоҷикистон ду ихтисоси дар боло гуфташуда интихоб карда шуд.

Бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои беҳтари таълим, кӯшишҳои муштараки мутахассисони Донишгоҳи касбии идоракунии шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои «Технологияи насби қубурҳо барои гармидиҳӣ дар шаҳр» ва «Таҷҳизоти муҳандисии геодезӣ» барномаҳои таълимӣ омода карда шудаанд. Инчунин ҷонибҳо воситаҳои таълимиро бо ду забон: русӣ ва чинӣ таҳия намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки «Жэнмин жибао» нашрияи расмии Кумитаи марказии ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб рафта, доираи васеи хонандагонро фаро мегирад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Май 20, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд