Физикдонҳои ҷавони тоҷик дар машғулияти лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Узбекистон иштирок менамоянд

Май 12, 2023 10:35

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 физикдони ҷавони Тоҷикистон аз 14 то 21 май дар машғулияти лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Дурнамои унсурҳои офтобии перовскитӣ: табдили энергияи камкарбон бо маводҳои пешрафтаи функсионалӣ» иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир хабар дод.

Дар Мактаби тобистонаи байналмилалӣ бо иштирокдорон   машғулияти лексионии профессорон-физикдонҳои варзидаи мамлакатҳои хориҷӣ бо забони англисӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти физикаи ин кишвар бо дастгирии Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (воқеъ дар Италия) ва фонди илмии Фолксваген (Олмон) ташкил карда мешавад, гузаронида хоҳад шуд.

Ф.Шокир иброз дошт, ки «дар ҷаҳони муосир бо баробари зиёд шудани талабот ба энергияи электрикӣ таваҷҷуҳ ба истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Нури Офтоб яке аз манбаъҳои энергияи барқароршаванда мебошад, ки олимону мутахассисон ва ширкатҳои саноатии мамлакатҳои ҷаҳон барои босамар истифода бурдани иқтидори он таҳқиқоти интенсивӣ бурда истодаанд. Маводи гуногуне, ки дар асоси онҳо лавҳаҳои композитӣ энергияи Офтобро ба энергияи гармӣ ва электрикӣ табдил медиҳанд, яке аз объектҳои марказии таҳқиқоти соҳаи маводшиносии муосир мебошад. Ҳоло технологияи лавҳаи офтобии насли нав дар асоси яке аз маводи маъмул – перовскитҳо коркард мешавад, ки нисбат ба лавҳаҳои офтобӣ дар асоси силитсий чанд маротиба арзиши паст доранд ва нурҳои офтобии ба сатҳашон афтандаро якчанд маротиба бештар ба энергияи электрикӣ табдил медиҳанд».

Яке аз масъалаҳои мубрами рушди соҳаи энергетикаи “сабз” –ин омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ва муҳандисони касбии соҳа мебошад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба ҳалли масъалаи чанд маротиба зиёд намудани теъдоди кадрҳои донишманду соҳибтахассус чораҳои созанда дида мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббус ва аз ҷониби Сарвари давлат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 яке аз иқдомҳои бунёдӣ дар миқёси байналмилалӣ вобаста ба таври куллӣ боз ҳам баланд баровардани сатҳи илму донишандӯзии аҳолӣ ва махсусан ҷавонони тоҷик шинохта шудааст.

«Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои бистсолаи мазкур аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омода намудани кадрҳои муосири илмӣ ҳамкории судманди байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло 3 олими ҷавони институт дар озмоишгоҳҳои донишгоҳи Ҷопон ва Лаҳистон дар таҷрибаомӯзии 2-моҳа қарор дошта, дар самти коркарди технология ва синтези нанокристаллҳои перовскитӣ ба пажуҳишу таҷрибаҳои илмӣ машғул ҳастанд,-гуфт директори институт.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 12, 2023 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд