Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ рафти овоздиҳиро дар Узбекистон назорат намуд

Май 1, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рафти овоздиҳиро дар Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳавзаи интихоботии хориҷӣ назорат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Намояндагони Тоҷикистон- намояндаи доимии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, вакили Маҷлиси намояндагон Бахтиёр Аҳмадзода ба аъзои Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буда, рафти овоздиҳиро дар Ҷумҳурии Узбекистон назорат намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии № 115, ки дар бинои Шӯрои шаҳри Тошканд  воқеъ аст, рафта, дар ифтитоҳи ҳавзаи интихоботӣ ва оғози овоздиҳӣ иштирок намуданд. Онҳо гувоҳӣ доданд, ки тамоми тартиботи пешбининамудаи қонунгузорӣ иҷро шуда, нуқтаҳои овоздиҳӣ сари вақт кушода шуданд.

Нозирони байналмилалӣ бо роҳбарияти комиссияҳои интихоботӣ, нозирони миллӣ ва шаҳрвандони овоздиҳӣ суҳбат намуданд.  Аъзои гурӯҳ ба мавҷудият ва пурра будани маводи иттилоотӣ ва таъмини махфӣ будани овоздиҳӣ диққати ҷиддӣ доданд.

Мушоҳида инчунин дар муассисаҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷӣ дар шаҳрҳои Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон), Бишкек (Қирғизистон), Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Екатеринбург, Владивосток, Ростови лаби Дон, Новосибирск, Рим (Италия), Лондон (Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ), Париж (Фаронса), Пекин (Чин) ва Сеул (Корея) гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба гурӯҳи нозирон аз АБ  ИДМ вакилони парлумони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, масъулини Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва коршиносони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократияи ИДМ шомил буд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид