Хонандагони Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 138 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Май 10, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 10.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, адабиёти тоҷик, адабиёти рус ва таърих сазовори 138 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 8 медали тилло, 38 медали нуқра ва 92 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиадаҳои мазкур аз 5 то 7 май аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор баргузор гарид.

Дар олимпиадаҳо 999 хонандаи синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2022 657 нафар зиёд аст. Дар озмун 433 хонанда сазовори ҷойи ифтихорӣ,  аз ҷумла 20 нафар сазовори медали тилло, 95 нафар сазовори медали нуқра ва 318 нафар сазовори медали биринҷӣ гардид.

Дар он хонандагони муассисаҳои вилояти Суғд сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ- 8 медали тилло, 29 медали нуқра ва 79 медали биринҷӣ, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 112 ҷойи ифтихорӣ- 3 медали тилло, 14 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 42 ҷойи ифтихорӣ -3 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 25 ҷойи ифтихорӣ-1 медали тилло, 11 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд