Иқдоми МегаФон Тоҷикистон. Трафики интернет дар ду тарофаи маъруфи силсилаи «Дар тамос» то 25 гигабайт зиёд карда шуд

Май 4, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Трафики интернет дар ду тарофаи маъруфи силсилаи «Дар тамос» то 25 гигабайт зиёд карда шуд. Ба муносибати Рӯзи алоқа оператори имконияти нави рақамӣ барои истифодабарандагони бастаҳои «#БоОсонӣ+» ва «#ЗангБизан» иқдом ба роҳ мондааст.  Пардохти абонентӣ бетағйир боқӣ мемонад. 

Давоми  муҳлати  иқдом  тарофаи  «#БоОсонӣ+»  25 Гбтрафики интернетро дар бар мегирад. Дар аввал  ба он 2 Гб дохил буд.

Инчунин дар тарофаи #ЗангБизан ҳаҷми интернет то 25 ГБ зиёд карда шудааст. Он барои дӯстдорони зангҳои овозӣ пешбинӣ шуда,  қаблан дорои 3 ГБ буд.

Трафики зиёдкарда  дарҳол  баъд аз пайвасткунии  яке аз ин бастаҳо дастрас мегардад. Агар муштарӣ аллакай тарофаи дар иқдом пешбинишударо пайваст карда бошад, 25 ГБ дар оғози давраи нав бо гирифтани пардохти абонентии стандартӣ фаъол карда мешавад.

Трафики зиёди  «асосӣ» – ягона сабабе  нест, ки тарофаҳои “Дар тамос” диққати истифодабарандагони интернетро ҷалб месозанд. Аксари бастаҳо дорои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои бемаҳдуд мебошанд ва панҷтои онҳо  обунаро  ба онлайн-кинотеатри IVI низ дар бар мегирад.      «Силсилаи «Дар тамос» аз ҳашт тарофа иборат аст, ки дар байни онҳо ҳар муштарӣ намуди мувофиқи эҳтиёҷоти   худро  пайдо мекунад.

Аммо бо мурури замон хостаҳои сокинони Тоҷикистон тағйир меёбад ва мо низ ин омилро ба инобат мегирем. Ҳоло муошират бо дӯстон, ҷустуҷӯи маълумот ва мубодилаи файлҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Ин омезиши бемаҳдуд ба паёмрасонҳо бо афзоиши трафики дигар захираҳо истифодаи интернети мобилиро номаҳдуд мекунад»,–мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

АКС:МегаФон Тоҷикистон

Май 4, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид