Ифлосшавии пластикиро то соли 2040 метавон 80% кам кард
ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз технологияҳои мавҷуда то соли 2040 ифлосшавии пластикиро 80 фоиз кам кардан мумкин аст. Барои ин бояд дар сиёсат дигаргуниҳои амиқ ба амал оварда шавад ва дар ин кор ҳам давлат ва ҳам бахши хусусӣ саъй кунад. Ба чунин хулоса омаданд муаллифони пажӯҳиши нави Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP). Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба хабаргузории СММ хабар додааст.
Ин гузориш дар арафаи даври дуюми музокирот дар Париж нашр шудааст, ки ба созишномаи ҷаҳонии мубориза бо ифлосшавии пластикӣ бахшида мешавад. Ҳуҷҷат ҳаҷм ва хусусияти тағйиротро, ки барои қатъи ифлосшавии пластикӣ ва эҷоди модели иқтисодии давраи сарбаста зарур аст, тавсиф мекунад.
Ивазкунии пурраи чунин маҳсулот, аз қабили бастаҳои пластикӣ, халтаҳо ва баста барои баровардани хӯрокворӣ, маҳсулоти аз маводи алтернативӣ сохташуда (коғаз ё маводи нишонадор) барои ба таври иловагӣ 17 фоиз коҳиш додани ҳаҷми ифлосшавии пластикӣ мусоидат мекунад.
Ҳатто бо назардошти чораҳои дар боло гуфташуда, то соли 2040 безараргардонии солонаи 100 миллион тоннаи метрии пластмасс, ки аз молҳои якдафъаина ва кӯтоҳмуддат иборат аст, инчунин мероси назарраси ифлосшавии пластикии аллакай мавҷуда талаб карда мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот бояд стандартҳои бехатарӣ ҷиҳати истифодаи партовҳои пластикие, ки коркарди дубора намешаванд, муқаррар гардад. Ғайр аз ин, тавре ки муаллифони гузориш ишора мекунанд, истеҳсолкунандагон бояд масъули баланд дошта бошанд, махсусан барои он ки маҳсулоти онҳо дорои микрозарраҳои пластикӣ мебошад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






