Ифшои сирри давлатӣ метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ зарари ҷиддӣ расонад

Май 6, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба 6 май рост меояд, имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи геология иттилоъ доданд. 

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки захираҳои табиӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ҳам аз ҷумлаи сирри давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Сирри давлатӣ аз маълумоти соҳаи геология, кӯҳкорӣ, мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва моликияти давлат иборат буда, ифшои он метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ, инфрасохторҳои иттилоотию коммуникатсионии давлат зарари ҷиддӣ расонад.

Дар замони имрӯза, ки авзои иқтисодию иҷтимоӣ ва робитаҳои байни мамлакатҳои олам тундтару сардтар шуда истодааст, зуҳуроти манфии замон, ба мисли терроризм, экстремизм ва падидаҳои ба ин монанд ба вуҷуд омада истодаанд. Дар ин радиф, ҳимояи сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии давлатҳо, аз ҷумла посу гиромӣ доштани сулҳу суботи Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад.

Таҳкими сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони ин ниҳод ба ҳисоб меравад, ки дар эмин доштани давлат  аз ҳар гуна хатарҳо  нақши асосӣ мебозад.

Тавре шоҳид ҳастем, имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона ва халалдор намудани оромии мамлакат аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Яке аз самтҳо ба даст овардани маълумот ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Маҳз хизмати кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ аст, ки  бо андешидани тадбирҳои фаврию амалӣ амнияти мамлакат ва мардуми он дар ин самт муҳофизат карда мешавад.

Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма- андешидани тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ, рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон, муҳофизати якпорчагии ин сарзамини бостонӣ вазифаи аслии ҳар мақомоти марбута мебошад, ки кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ пешоҳанги он мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ бори аввал дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад. 23 ноябри соли 2022  дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда шуд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад