Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад

Май 27, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 27.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат рӯзона дар баъзе ноҳияҳо то 38 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгўӣ  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда,  дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 28+33 дараҷа гарм ва  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда,  ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво  рӯзона дар пойтахт бебориш дар назар дошта шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.

Май 27, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд