Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад

Май 8, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва  Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ду давлат, форуми тиҷоратӣ ва дар доираи форум вохӯриҳои дуҷониба дар шакли соҳибкор бо соҳибкор «В2В» байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Дар форум беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, истеҳсоли қаҳва, сайёҳӣ, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, нассоҷӣ, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамояд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард