Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» кори худро ба анҷом мерасонад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 4 май оғоз гардида, дар он беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасони ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доштанд.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидааст. Дар намоишгоҳ моли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда шуд.


Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна намоишҳо ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда, ҳамзамон дар пешрафти саноатикунонии ҷумҳурӣ ҳисса мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат бояд ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад






