Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба анҷом мерасад

Май 7, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» кори худро ба анҷом мерасонад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 4 май оғоз гардида, дар он беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасони ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доштанд.

Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидааст. Дар намоишгоҳ моли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти  маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда шуд.


Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна намоишҳо ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда, ҳамзамон дар пешрафти саноатикунонии ҷумҳурӣ ҳисса мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат бояд ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад