Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад

Май 9, 2023 08:34

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Май 9, 2023 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд