Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






