Имрӯз дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст

Май 12, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо сабаби омилҳои метеорологӣ — чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе эҳтимоли баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 20+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво ҳаво баланд шуда, то 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 14+19 то 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётгард худдорӣ намоянд.

 

Май 12, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид