Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Май 16, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 май бо сабаби омилҳои метеорологӣ дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба ҷумҳурӣ чангбод ворид мегардад, ки зимни он эҳтимоли баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20, рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Май 16, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд