Имрӯз дар Тоҷикистон жола ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва жола ба амал меояд. Шабона ҳарорат то 4 дараҷа паст пешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзоа 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва ба амал омадани раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур набуда, дар нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона борони бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ва ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






