Имрӯз-Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон. Барои созмонҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, андозбандии имтиёзнок муқаррар карда шудааст

Май 5, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон мебошад. Асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Дар моддаи 17 қонуни мазкур масъалаи муҳайё намудани шароити таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон, ки василаи муҳими дарёфти ҷойи кор ба шумор меравад, баён карда шудааст. Дар он дарҷ карда шудааст, ки «давлат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад».

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, имрӯз дар мамлакат қариб 160 000 шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 32 000 кӯдаку наврас мебошанд.

Бояд гуфт, ки фаҳмиши муосири маъюбӣ онро тақозо менамояд, ки шахсони маъюб бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошанд ва талаботи онҳо ба назар гирифта шавад. Яъне на танҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъол бошанд, инчунин ба ҳаёти сиёсии мамлакат низ ҷалб гарданд, чунки узви ҷомеа ва шаҳрвандони комилҳуқуқи ҳамин мамлакат мебошанд ва ҳуқуқ доранд саҳми худро дар сатҳи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ гузоранд.

Тавре сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода иброз дошт, тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба маъюбон таълиму тарбияи ройгон дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус таъмин карда мешавад.

«Шуғли маъюбон яке аз воситаҳои муҳим ва пешбарандаи ташкили ҷомеаи дорои имконияти баробар мебошад. Тамоюлҳои муосири рушди иқтисодиёт бо тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятию меҳнатӣ таҳти таъсири индустриализатсия ва рақамикунонӣ сахт алоқаманд мебошанд. Ҳамаи ин ногузир ба бозори меҳнат ва интихоби касбҳо таъсир мерасонад, ки боиси тағйир ёфтани талабот ба корманд дар масъалаҳои бо шуғл таъминкунӣ мегардад. Тибқи қонунгузорӣ, дар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандон ба андозаи на камтар аз 5% аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2027 дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат маҷмуан 1254,7 ҳазор, аз ҷумла дар бахши воқеии иқтисодиёт 748,4 ҳазор (59,6%) ва дар бахши хизматрасонӣ 506,3 ҳазор (40,4%) ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад»,-иттилоъ дод мусоҳиб.

Бино ба гуфтаи Қудратулло Қурбонов, кормандони маъюб бо сабаби маҳдудияти муайян дар бозори меҳнат рақобатпазир нестанд. Шумораи зиёди шахсони маъюб дар мамлакати мо вобаста ба шароити гуногун ногузир ба мушкилоти шуғл ё худ дарёфти ҷойи кор дучор мегарданд, ки проблемаҳои иҷтимоии ҷомеаро дар самти шуғли онҳо ба миён меорад.

«Пеш аз ҳама, ин маҳдуд будани қобилияти ҷисмонӣ барои иҷрои баъзе вазифаҳои ба шахси ғайримаъюб хос аст. Илова бар ин, ба ин раванд тадбирҳо оид ба квотаи ҷойҳои корӣ барои ин категорияи шаҳрвандон таъсир мерасонад. Бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир яке аз афзалияти асосии Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба шумор рафта, бо ин мақсад дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва идоракунӣ ҷойҳои корӣ банд карда мешаванд. Пешбинӣ мегардад, ки дар доираи барнома тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ, таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда 44,0 ҳазор нафар шаҳрванди дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешавад. Инчунин барои ташкилоте, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда шудааст»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки соли 2020 аз ҷониби Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тадқиқоти роҳҳои дастрасии шахсони маъюб ба ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин тадқиқот мушкилоти физиологӣ, тарбиявӣ, иттилоотӣ, иқтисодии маъюбон дар минтақаҳои дорои бозори меҳнат баррасӣ шуда, оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии истифодаи неруи меҳнатӣ ва монеаҳо дар роҳи бо кор таъмин кардану ба касбомузӣ фаро гирифтани шахсони маъюб ва ба ин васила ҳамгироии шахсони имконияташон маҳдуд ба ҷомеа муайян карда шуд.

«Бо назардошти таҳлил ва баррасии масъалаи мавриди назар метавон гуфт, ки шарти ҳатмии такмили сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- ин бо кор таъмин намудани маъюбон ва баланд бардоштани самаранокии шуғл бо назардошти маҷмуи омилҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Таҷрибаи ҳамкории ҳамаи субъектҳои танзимкунандаи бозори меҳнат дар якҷоягӣ бо роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки аз Консепсияи шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар ду – се сол таҳия ва амалӣ карда мешавад, имкон медиҳад, ки масъалаи бо кор таъмин намудани маъюбон ҳал гардида, раванди мусоидат ба шуғли шахсони маъюб тавассути технологияҳои нави замонавӣ, рақамикунонии соҳаи шуғли маъюбон, таҳияи барномаҳои роҳнамоии касбӣ, расонидани кумаки равонӣ ва ғайра самаранок гардад. Ҳамзамон зарур аст, ки механизми ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятии маъюбон бо мақсади беҳтар ва самараноктар ба кор ҷалб намудани ин категорияи шахсон ташаккул ёфта, ҳадафҳои асосии Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ сари вақт ва самаранок амалӣ карда шавад»,-ибрози назар намуд Қудратулло Қурбонов.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид