«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин тамға корхонаи «Субҳи Ватан»-и Исфара содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара дар мавсими имсола коркарди 30 тонна зардолуро анҷом додааст. Айни замон ҳамаи сехҳои корхона фаъол буда, дар он коркарди зардолу ва дигар меваҳои пешпаз бомаром идома дорад. Роҳбарияти корхона зардолуро, ки мавсими ҷамъоварии он оғоз гардидааст, ба ғайр аз боғдорони шаҳри Исфара, ҳамчунин аз деҳқонони шаҳри Конибодом дастрас менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар ҶДММ «Субҳи Ватан» коркард ва банду басти меваи хушк низ ҷараён дошта, меваҳои хушки зардолу, себ, нок, тут, олу дар ҳаҷм ва дизайни хоса банду баст гардида, бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ба мизоҷон пешкаш карда мешавад. То кунун аллакай 300 тонна меваи хушк коркард ва ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд баробари пухта расидани меваҳои шаҳдбор фаъолияти корхонаҳои консервабарорӣ низ тавсеа ёфта, маҳсулот коркард, банду баст ва захираву ба фурӯш гузошта мешавад. ҶДММ «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара яке аз корхонаҳои муваффақ дар ин самт буда, дар он 60 нафар фаъолият дорад.
Тибқи иттилои муассисон, дар корхона бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда 40 намуди маҳсулот истеҳсол гардида, ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот карда мешавад. Соли гузашта ба Қазоқистон, Русия, Олмон ва Туркия ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот фиристода шудааст.
Роҳбарияти корхона барои дар оянда боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолият, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ва воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти муосир тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






