«ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ». Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар доираи Форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни он бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аксияи тарғиботи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» доир шуда, ба иштирокчиён шумораи махсуси 70- саҳифагии рӯзнома тақдим карда шуд.
Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҷавонон, бахусус блогеронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар идома сиёсатшиносону коршиносони мамлакат сухан гуфта, блогерони ҷавонро ба таблиғи дурусти манфиатҳои милливу давлатдорӣ даъват намуданд.
Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бобати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи форуми мазкур ҷавонон аз 26 то 30 апрел аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд дидан намуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин ҷойҳоро тавассути саҳифаҳои худ таблиғу ташвиқ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






