КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Дар Хатлон моҳвораи ҳаёти кӯдакон оғоз ёфт
ХАТЛОН, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар вилояти Хатлон бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) моҳвораи «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» эълон гардид. Дар заминаи он баробари ба роҳ мондани силсилабарномаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишӣ машғулияти омӯзишӣ ҳамчун тадбири муҳими иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар доираи чунин иқдоми муҳим муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода аз шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар боздид намуданд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаи таваллуд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба гуруҳе аз тифлакони навзод туҳфаҳо тақдим гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кӯдакони навзод ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






