КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Дар Хатлон моҳвораи ҳаёти кӯдакон оғоз ёфт

Май 31, 2023 10:34

ХАТЛОН, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар вилояти Хатлон бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) моҳвораи «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» эълон гардид. Дар заминаи он баробари ба роҳ мондани  силсилабарномаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва  варзишӣ машғулияти омӯзишӣ ҳамчун тадбири муҳими иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар»  хабар додааст.

Дар доираи чунин иқдоми муҳим муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода аз шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар боздид намуданд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаи таваллуд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба гуруҳе аз тифлакони навзод туҳфаҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кӯдакони навзод ба таври ройгон шаҳодатномаи  таваллуд супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 31, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ иштирок дорад
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2023». Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 30 сентябр ба анҷом мерасад
«Саноатсодиротбонк» ва Эксимбонки Малайзия лоиҳаҳои муштаракро амалӣ менамоянд
Тоҷикистон чун давлати барои сайёҳӣ мусоид ташаккул меёбад
Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ бо се медал байни 45 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши робототехника таъсис дода мешавад
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Омодагиҳо ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуданд
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи «Diplomatic world» нашр карда мешавад
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои сармоягузории «сабз» дар Тоҷикистон маблағҳои нав ҷудо менамояд
Футзалбозони тоҷик ҷамъомади тамринии ниҳоиро пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз намуданд