КОНГРЕССИ АВРУОСИЁ’23. Он ба рушди маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ нигаронида мешавад

Май 23, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  8-9 июн дар Боғи илм ва санъати «Сириус» дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Конгресси Авруосиё’23  баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки рушди Авруосиё  хабар  доданд.

Дар конгресс чун анъана иҷлосияву муколамаҳои кушод  байни соҳибкорон, институтҳои молиявӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, олимону коршиносон доир мегардад. Намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон барои дарёфти роҳҳои беҳтари рушди минтақаи Авруосиё, инчунин ҳамкорӣ баҳри беҳбуди шукуфоӣ ва рушди иқтисоди он ҷамъ меоянд.

Соли равон таваҷҷуҳ бештар ба ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳаётан муҳим, аз қабили рушди маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, тарҳи лоиҳаҳои пешрафтаи байнидавлатӣ дар соҳаи  саноат ва трансформатсияи рақамӣ нигаронида мешавад. Иштирокчиёни конгресс иқтидори шарикии байнисарҳадии давлат ва бахши хусусиро ҳамчун механизми татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Дар баробари хатарҳои глобалӣ масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам  минтақавӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Иҷлосияи пленарии конгресс ба ҳамин мавзуъ низ  бахшида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва шиносоӣ  бо барномаи конгресс ба сомонаи Конгресси Авруосиё’23 ворид шаванд.

АКС: Бонки рушди Авруосиё

 

Май 23, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст