Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Май 9, 2023 17:06

ХОРУҒ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии «Душанбе-Кулма», қитъаи «Дарвоз-Ванҷ» то сарҳади ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  оғоз ёфта, давоми нуҳ моҳ роҳсозон  мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа дохил шуданд. Таҷдиду навсозии роҳи мошингарди «Дарвоз-Ванҷ-сарҳади Рӯшон» яке аз хатарноктарин қисмати ин роҳ ба ҳисоб рафта, ронандагону мусофирони мошинҳои мусофирбару боркаш бо мушкили зиёде ин масирро тай мекунанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Роҳбари гурӯҳи муҳандисон Муҳаммадҷон Ширинҷонов гуфт, ки «дар шароити минтақаи  кӯҳсори ҷумҳурӣ ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз омилҳои  асосии тағйир додани зиндагии мардум ба шумор меравад.  Аз километри 580-и деҳаи Дашти Язгулом сар карда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҳмадиён» бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ ба тахту ҳамкоркунии қитъаҳои душворгузари роҳ машғул мебошад. Гурӯҳи дигари роҳсозон корҳои хоккании пойдевори ҷодаро анҷом медиҳанд. Раванди роҳсозӣ дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди ноҳияи Ванҷ тибқи лоиҳа пеш меравад. Роҳсозон қуллаи кӯҳро тавассути экскаватори дорои болғаи гидравликӣ  ба замин ҳамвор мекунанд,  то дар оянда лағзиши кӯҳпора, сангу хокро, ки боиси хароб ва басташавии роҳ мегардад, комилан аз байн баранд».

Ба гуфтаи роҳсозон, дар мавзеи Хумроғӣ аз километри 73-300 то 73-500 корҳои хокканӣ аз моҳи июни соли гузашта шуруъ шуд ва муҳандисону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон ва тиҷорат» бо истифода аз 10 механизму техникаи пуриқтидор корҳои роҳсозиро мутобиқи нақша ва талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ ба анҷом мерасонанд. Фармоишгари лоиҳаи татбиқи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ то сарҳади Рӯшон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози лоиҳа Маркази тадбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» ба ҳисоб меравад. Паймонкори асосии лоиҳа Ширкати чинии «Чайна роуд бришин корпарейшин» маҳсуб шуда, дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷ алакай шаҳраки роҳсозон бунёд шуда, корхонаи истеҳсоли сангу шағал сохта шуд, ки рӯзҳои наздик ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шуруъ мекунад.


Давоми чанд моҳи охир роҳсозон ба сардии ҳаво ва боронгариҳои пай дар пай  нигоҳ накарда, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок идома медиҳанд. Дар масофаи 40-километраи ин роҳ сохтмони 6 пули мошингузар, як долони зиддитармавӣ, 3 девори ҳимоявӣ, 66 новаи кушодаи селпарто ва чароғонкунии деҳаҳои аҳолинишин дар  назар аст ва иҷрои ин корҳо бар уҳдаи Ширкати чинии зерпудратчии «Сензиан Бейсин» гузошта шудааст.

Санги асоси қисмати роҳи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат 27 сентябри соли 2021 гузошта шуд, ки дарозии он ҳарчанд 107 километ ҳам бошад, ронандагон ин масофаро ба иллати сангрезиву  селфуроӣ бо мушкилоти зиёд тай менамуданд.   Корҳои сохтмониро дар ин қисмати роҳ мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бар зимма доранд.

Роҳсозон бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳи мазкур аз мехнизму техникаи пуриқтидори замонавӣ самаранок истифода мебаранд ва талош меварзанд, ки роҳи пурхавфу душворгузарро  ба ҷодаи тахту ҳамвор табдил диҳанд. Маблағгузории лоиҳаи роҳи байналмилалии «Душанбе-Қулма», дар қитъаи «Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки хароҷоти лоиҳавии он  2,5 миллард сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи роҳсозон, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мешавад. Ин роҳи сохташаванда аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ 12 метр аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2023 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд