«Корвони китоб» ба шаҳри Панҷакент ворид гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 май «Корвони китоб», ки бо ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба роҳ монда шудааст, ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати кории сафаркунандагони «Корвони китоб» дар назди бинои Кохи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент намоиш-фурӯши китобро баргузор намуд.
Ба китобхонаи марказии шаҳр 916 китоби тозанашр аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон, асарҳои назмиву насрии бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва бачагона ба тариқи ройгон тақдим карда шуд.
Ҳамчунин бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 4000 сомонӣ китобҳои гуногуни илмиву соҳавӣ ва бадеӣ харидорӣ намуд.
Дар ноҳияи Айнӣ пас аз намоиши фурӯши китоб 1010 нусха китоби ройгон ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






