КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тибқи он даври сеюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 11 июн идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вобаста ба баргузории озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои миллат аз соли 1997 барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот ташкил шуда, инак тӯли 26 сол амал менамояд.
Дар замони истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм кард. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодааст.
Дар ҷаласа ҷиҳати таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд






