«МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ БЕҲТАРИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» Дар Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар шаҳри Ҳуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Озмун бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил карда шуда, дар он 100 корхонаву ташкилот, муассисаи хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 105 номгӯй маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуд ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузории озмун- тақвият бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ буда, ба рушди соҳибкории ватанӣ, беҳбуди сифату бехатарии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат аз ҳама ҷиҳат мусоидат мекунад.
Аз ҷониби дигар, ташкили чунин озмунҳо имкон медиҳад, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоти худ ва кору хизматрасониро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намоянд, то ин ки маҳсулоташон дар бозори дохилӣ ва берунӣ ба рақобат тобовар гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд












Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






