Маҳз илмҳои дақиқ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти васеи зиндагӣ фароҳам меоранд

Май 14, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи астрономия Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарҳои кушод эълон намуда, барои иштирокунандагони он машғулияти илмӣ–амалӣ, инчунин экскурсияҳо ба Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох доир намуда истодааст. Мақсади асосии баргузории ин гуна чорабиниҳо- ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илми астрономия, баланд бардоштани тафаккури ҷомеа ва ғайра мебошад.

Муовини директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша ба илмҳои дақиқ ниёз дорад. Илмҳои дақиқ исботкунандаи умқи табиат мебошанд. Маҳз илмҳои дақиқ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти васеи зиндагӣ фароҳам меоранд. Дар ин робита илми астрономия ба илмҳои дақиқ ворид шуда, дар он ҷирмҳои кайҳонӣ, аз ҷумла ситораи Офтоб, сайёраҳои системаи Офтобӣ ва моҳвораҳои онҳо, астероидҳо, кометаҳо, метеороидҳо, материяи байнисайёравӣ, ситораҳо ва сайёраҳои берун аз Офтоб, туманҳо, материяи байниситоравӣ, галактикаҳо ва кластерҳои онҳо, пулсарҳо, квазарҳо, сӯрохиҳои сиёҳ ва ғайраро меомӯзанд.

Марбут ба ин илм рӯзҳо муайян карда шудаанд, ки ҳар сол онҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мегузаронанд. Ин рӯз рӯзи астрономия ном дошта, таърихи он соли 1973 дар шаҳри Калифорнияи Штатҳои муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст. Ҳадафи барпо кардани ин рӯз аз тарафи олими шинохтаи амрикоӣ Даг Бергер он буд, ки ҳавасмандони астрономия бештар гардида, шавқу рағбати ин илмро дар байни онҳо бедор намояд. Бо ин мақсад ӯ аз мутахассиони соҳаи марбути астрономия даъват ба амал овард, ки ҳар чи бештар асбоби телескопиро дар шаҳру кӯчаҳо гузоранд, то аҳолӣ аз манзараи зебои кайҳон баҳравар шавад. Аз сабаби он ки ин идея аз тарафи ҷомеи ҷаҳонӣ хуб қабул шуд, даъват ба амал оварданд, ки ин рӯз ду маротиба дар як сол доир карда шавад- дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ.

Рӯзи астрономияи баҳорӣ одатан дар рӯзи шанбе дар миёнаҳои моҳи апрел ва нимаи моҳи май гузаронида мешавад. Рӯзи астрономияи тирамоҳӣ дар рӯзи шанбеи даҳаи 1-уми моҳ аз нимаи моҳи сентябр ва октябр доир мешавад.

Дар ҳафтаи астрономия ва махсусан дар рӯзи астрономия муассисаҳои астрономӣ, осорхонаҳои илмӣ, расадхонаҳо, планетарияҳо дар бисёр мамлакатҳо чорабиниҳои ҷолиб баргузор менамоянд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи астрономия ва олами зебои мо равона шудааст. Инҳо лексияҳои оммавии кайҳоннавардони машҳур ва теле-конференсияҳо ва лоиҳаҳои якҷоя, намоиши оммавии осмони пурситора мебошанд. Дар мактабҳо оид ба асосҳои астрономия машғулияти махсус гузаронида мешаванд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 14, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид