Моҳи июн дар шаҳри Сочи Конгресси Авруосиё’23 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 июн дар Боғи илм ва санъати «Сириус» дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Конгресси Авруосиё’23 баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки рушди Авруосиё хабар доданд.
Дар конгресс чун анъана иҷлосияву муколамаҳои кушод байни соҳибкорон, институтҳои молиявӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, олимону коршиносон доир мегардад. Намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон барои дарёфти роҳҳои беҳтари рушди минтақаи Авруосиё, инчунин ҳамкорӣ барои беҳбуди шукуфоӣ ва рушди иқтисоди он ҷамъ меоянд.
Соли равон таваҷҷуҳ бештар ба ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳаётан муҳим, аз қабили рушди маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, тарҳи лоиҳаҳои пешрафтаи байнидавлатӣ дар соҳаи саноат ва трансформатсияи рақамӣ нигаронида мешавад. Иштирокчиёни конгресс иқтидори шарикии байнисарҳадии давлат ва бахши хусусиро ҳамчун механизми татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Дар баробари хатарҳои глобалӣ масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Иҷлосияи пленарии конгресс ба ҳамин мавзуъ низ бахшида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва шиносоӣ бо барномаи конгресс ба сомонаи Конгресси Авруосиё’23 ворид шаванд.
АКС: Бонки рушди Авруосиё








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






